Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабри шогирд. "Омӯзгорро таҳқир кард, ба ҳамсинфаш корд зад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як хонандаи мактаб дар ноҳияи Синои пойтахт бо иттиҳоми таҳқири омӯзгор боздошт шудааст. Алишер Хайруллоеви 17-сола, инчунин, барои бо корд захмӣ намудани ҳамсабақаш Муҳаммад Салихов муттаҳам аст.

Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳардуи ин ҳодиса дар як вақт рух дода, Салихов барои ҳимоят аз омӯзгор мавриди ҳамла қарор гирифтааст. “Алишер Хайруллов дар ҳузури хонандагон муаллими мактабро дашном додааст. Вақте Муҳаммад Салихов ба ҳимоят аз муаллим бармехезад, миёни ду ҳамдарс муноқиша сар мезанад”, - афзуд мусоҳиби мо.

  • Дар ҳоли ҳозир нисбат ба Алишер Хайруллоев бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “авбошӣ” парванда боз шудааст.

"Чӣ хусумате бо ӯ доштааст, намедонем"

Як масъули мактаби рақами 93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки Алишер дар онҷо таҳсил дорад, рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки ҳодиса баъди дарс рух додааст. Ӯ гуфт, “Алишер пештар дар мактаби 81-и пойтахт мехонд. Бо мактуби мудири маориф, бо сабаби иваз шудани маҳалли зисташ ба мактаби мо омад. Ҳарчанд талош мекардем, ҳамаро таҳқир мекард. Ин муаллиме, ки таҳқир кардааст, ӯро дар ду мактаб дарс додааст. Чӣ хусумате бо ӯ доштааст, намедонем.”

Боздошти ин хонандаи мактаб бо ҷурми таҳқири муаллими мактаб ва корд задани як ҳамсолаш дар ҳолест, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании як муаллими дигар бо хонандае ба чархиш даромадааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои шиносоии афроде, ки дар навор ҳузур доранд, тафтиш оғоз шудааст. Дар наворе, ки як ҳафтаи ахир дар шабакаи «Фейсбук», «Одноклассники» ва «Инстаграм» чарх мезанад, муаллиме дар пайи як баҳс ба сари шогирдаш мизро ҳаво медиҳад. Дар посух мактаббача бо мушт ба муаллим ҳамла мекунад.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Қиёси хонандаи “хуб” ва “бад

Афзоиши занозанӣ миёни мактаббачагон ва дар пай таҳқиру беэҳтиромии устодон нигаронии бузургсолон дар ҷомеаро ба бор овардааст. Мӯниса Норматова, омӯзгори собиқадори мактаби рақами 25-и шаҳри Душанбе, гуфт, шумораи хонандагони, ба қавли ӯ, беинтизом хеле кам аст, аммо рафтори як нафар дарси гурӯҳиро ба ҳам мезанад. Ӯ гуфт, “дар синфе, ки ман дарс медиҳам, як хонанда ҳамеша ба дарс халал мерасонад. Ӯ ҳатто чанд бачаеро ҳамроҳи худ гирифтааст. Падару модараш тамоман ба мактаб наомадаанд. Мо як бор рафтем, падарашро наёфтем. Пас аз дарс ӯ ба куҷо меравад, чӣ кор мекунад, бештар аз ҳамон муҳит таъсир мегирад.”

Ин омӯзгор мегӯяд, хонандагон бештар ба омӯзгорони ҷавон беэҳтиромӣ мекунанд.

“На ҷабри устод, на меҳри падар”

Рустам Саъдуллозода, омӯзгори 32-сола мегӯяд, арзишҳо дар миёни насли наврас тағйир кардааст ва масали маъмулии “ҷабри устод беҳ зи меҳри падар” дигар таъсиргузор нест. Ӯ мегӯяд, замони Шӯравӣ ҳар “ҷабре” устод ба хонанда мекард, волидон эътироз надоштанд, ҳоло ба хонанда каме сахт сӯҳбат кардан метавонад сари устодро дар бало гузорад.

Дар занозании моҳи январи имсол дар Душанбе Сомон Шарифов кушта шуд
Дар занозании моҳи январи имсол дар Душанбе Сомон Шарифов кушта шуд

“Пештар мегуфтанд, ки ҳатто агар устод шогирдро мезад, падар ҷониби муаллимро мегирифт. Ҳоло гапи сахт гуфта намешавад. Як гап мегӯӣ ё падараш ба сарат меояд ё ба милиса медиҳад. Ҳатто бархе хонанда ҳақорат мекунад, метарсӣ, ки ӯро як гап гӯӣ", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз хонанадгони мактабҳои миёна гуфтанд, ки баъзе аз омӯзгорони ҷавон шеваи хуби дарсдиҳӣ надошта, бо муҳассилин бо лаҳни тунд гап мезананд. Яке аз хонандаҳо гуфт, "баъзан онҳо на чун ба шогирди худ, балки нафари аз худашон хурд рафтор мекунанд. Фикр мекунанд, бояд ҳама аз онҳо итоат кунад ва барои ҳамин гоҳе зӯрӣ мекунанд."

Дар нуҳ моҳ - тақрибан 3000 "кирдори зиддиҷамъиятӣ"

Бино ба иттилои расмӣ дар нуҳ моҳи гузашта тақрибан 3 ҳазор хонандаи мактаб "кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ" кардаанд. Бештари ин хонандаҳо барои иштирок дар занозанӣ, аз ҷумла занозании гурӯҳӣ, ки боис ба марг шудааст, айбдоранд.

Моҳи январи соли равон дар пайи чунин як занозанӣ миёни хонандагони ду мактаб дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду мактаббача кушта шуд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо мактаббачагони осебпазир, ки дигаронро ба ҷанҷол мекашанд, рӯйхат кардааст ва дар тамоми мактабҳои шаҳр рақами телефони нозирони маҳаллӣ сабт шудааст, то зангоми чунин ҳодисаҳо фаврӣ онҳоро огоҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG