Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон даъват кард, масъалаи марзаш бо Қирғизистон сиёсӣ нашавад


Тимур Сулаймонов, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон даъват кард, ба вазъи марзи кишвараш бо Қирғизистон баҳои сиёсӣ дода нашавад. Вай ҳамзамон айбҳо нисбати Қазоқистонро "дар бораи вайрон кардани талаботи Комисияи иқтисодии Авруосиё" беасос номид.

"Ҳар кишваре, ба назари ман, дар ҳолатҳои зарурии ҳифзи манофеи иқтисодӣ ва ё манофеи дигар, метавонад чораандешӣ кунад. Ба назари ман, набояд ин масъала сиёсӣ карда шавад. Танҳо зарур аст, ки мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб сари ин масъала чораҷӯӣ кунанд", - гуфт Сулаймонов.

Вай афзуд, Қазоқистон дар доираи қонунгузории худ амал мекунад. "Ва дар доираи он уҳдадориҳое, ки мо дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дорем. Ҳар кишваре ҳақ дорад, ба Шӯрои Олии иқтисодии Авруосиё муроҷиат кунад", - илова кард вай.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон 16 октябр хабар дод, ки дар робита ба шиддат гирифтани тафтиш дар гузаргоҳҳои марзӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон ба Комисияи иқтисодии Авруосиё муроҷиат кардааст.

"Ҷорӣ кардани назорати иловагӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қазоқистон хилофи талаботи асосӣ ва ҳадафҳои Созишномаи ИИАО аст ва расидан ба ҳадафҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Зеро, Қазоқистон гардиши озодонаи молро монеъ мешавад ва ба ин тартиб яке аз талаботи асосии бозори ягонаи ИИАО-ро вайрон мекунад", - омадааст дар изҳороти вазорати иқтисоди Қирғизистон.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG