Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов: Мардум дар ҳар гӯшаи Қирғизистон интизори тағйиротанд


Омурбек Бабанов ҳангоми раъйдиҳӣ дар Бишкек
Омурбек Бабанов ҳангоми раъйдиҳӣ дар Бишкек

Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон, ҳангоми овоздиҳӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, ки сокинони кишвараш интизори тағйиротанд.

Ӯ гуфт, хушҳол аст, дар кишваре ба сар мебарад, ки ҳар кас ҳаққи интихоби озодонаро дорад ва афзуд, “бовар дорам, 15-уми октябр дар таърихи Қирғизистон бо хатти заррин навишта хоҳад шуд”.

“Имрӯз мардум тасмим мегирад. Вақте ман бо одамон мулоқот кардам, дидам, ки онҳо интизори тағйиру ислоҳотанд”, - афзуд Омурбек Бабанов.

Бабанов гуфт, “ягона чизе ки мехоҳам ин аст, интихобот дар чаҳорчӯби қонун баргузор шавад, то мардуми мо интихоби озод дошта бошанд. Имрӯз дар кишвари мо тағйирот хоҳад шуд.”

Омурбек Бабанов дар баробари Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқи Қирғизистон, яке аз довталабони асосӣ ба курсии президентист. Як мулоқоти ӯ дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар моҳи сентябр баҳси доғеро миёни ду кишвар ба по кард.

Мақомоти Қирғизистон ва шахсан Алмсобек Отамбоев президенти Қазоқистонро ба дахолат ба корҳои дохилии ин кишвар муттаҳам намуданд.

XS
SM
MD
LG