Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳрими Сипоҳи посдорон – Сиёсати нави Амрико дар баробари Эрон. ВИДЕО


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Эронро “режими саркаш” номид ва ваъда дод, ки фишор бар ин кишварро афзоиш хоҳад дод. Оқои Трамп дар ин бора рӯзи 13-уми октябр, ҳангоми муаррифии сиёсати нави Амрико дар баробари Эрон, изҳори назар кард.​

Раиси ҷумҳури Эрон шоми 13-уми октябр дар як суханронии мустақими телевизионӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ то замоне ки аз манфиатҳои тавофуқи атомӣ бархӯрдор бошад, ба ин созиш пойбанд мемонад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ хуруҷи Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши ҳастаии миёни Эрону қудратҳои ҷаҳон эълон накард. Аммо ҳушдор дод, ки агар "нуқсҳои ҷиддӣ" дар ин тавофуқнома рафъ нашавад, Амрико аз он берун хоҳад рафт. Ӯ афзуд, “дар сурате ки қодир набошем, бо Конгресс ва муттаҳидон як роҳи ҳалро дарёбем, ин тавофуқнома бекор хоҳад шуд. Ин зери баррасии давомдор қарор дорад ва иштироки мо метавонад, ҳар замон аз тарафи ман ба унвони раиси ҷумҳур лағв шавад.”

Президенти Амрико тавофуқномаи атомиро, ки соли 2015 Эрон ва қудратҳои ҷаҳон ба он даст ёфтанд, як бори дигар бадтарин созиш номид ва онро муомилаи яктарафа хонд.

Доналд Трамп пойбандии Эронро ба ин тавофуқномаи атомӣ таъйид накард ва гуфт, ки аз Конгресс хоҳад хост, то дар мавриди ворид кардани фишори бештар болои Теҳрон иқдом кунад. Ӯ гуфт, мо ба роҳе, ки натиҷаи қобили пешбинии он хушунати бештар ва таҳдиди воқеии тавсеаи атомии Эрон аст, идома нахоҳем дод.

Пол Раян
Пол Раян

Доналд Трамп дар ин суханрониаш ҳамчунон гуфт, ки ба Вазорати хазинадории Амрико салоҳият медиҳад, то таҳримҳои бештарро болои Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ба хотири ҳимояташ терроризм ҷорӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, ин вазорат эълон кардааст, ки Сипоҳи посдоронро шомили таҳримҳои зидди терроризм намудааст. Дар нахустин вокуниш ба эъломи стратегияи нави Амрико, Пол Раян, раиси Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфт, аз ин тасмим ҳимоят мекунад ва бо давлат дар мавриди “муқобила бо иқдомоти бесуботкунандаи Эрон” ҳамкорӣ хоҳад кард.

Стратегияи нави Амрико дар баробари Эрон бо истиқболи ду муттаҳиди аслии Амрико дар Ховари Миёна - Исроилу Арабистони Саудӣ рӯбарӯ шудааст. Бо ин ҳол, Федерика Моғеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пас аз суханронии Доналд Трамп гуфт, ки поён додан ба созиши ҳастаӣ ба тасмими як кишвар вобаста нест.

Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар вокуниш ба стратегияи нави Амрико гуфт, агар рӯзе манфиатҳои Эрон дар созиши атомӣ таъмин нашавад, Ҷумҳурии Исломӣ лаҳзае ист нахоҳад кард ва ба он посух хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Эрон шоми 13-уми октябр дар як суханронии мустақими телевизионӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ то замоне ки аз манфиатҳои тавофуқ бархӯрдор бошад, ба ин созиш пойбанд мемонад.

“Мо нисбат ба тавофуқномаи атомӣ, ба унвони як муоҳадаи чандҷониба ва байналмилалӣ, то замоне ки ҳуқуқи мо таъмин мешавад, то замоне ки манофеи мо тақозо мекунад, то замоне ки аз манофеи ин тавофуқнома бархӯрдор ҳастем, ба ин созиш эҳтиром мекунем”, - афзуд ӯ.

Рӯҳонӣ аз тасмими Амрико барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ интиқод намуд ва гуфт, ин нирӯ на ҳомии терроризм, балки дар ҳоли ҷанг бо терроризм дар минтақа аст. Ӯ, баръакс, Амрикоро муттаҳам кард, ки ҷангҳои минтақаро ба вуҷуд овардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG