Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Раиси ҷумҳури Қирғизистон бояд бо Назарбоев забон ёбад


Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон
Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон

Барои ҳалли мушкил дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон, бояд гуфтугӯи сатҳи президентҳо баргузор шавад. Дар ин бора президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти бахшида ба интихобот изҳори назар кард.

"Муҳимтар аз ҳама бояд президент иқдом кунад. Оё президент масъулияти худро медонад, дарк мекунад? Ҳатто агар узрхоҳӣ ҳам накунад, бояд ҳадди ақал бо ягон баҳонае ба президенти Қазоқистон муроҷиат кунад", - гуфт зимни шарҳи вазъи марзи ду кишвар Отунбоева.

Ӯ бар ин назар аст, ки масъалаи мазкур наметавонад дар сатҳи ҳукуматҳо ҳал шавад.

Вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон 10-уми октябр шадид шуд. Ба огаҳии Хадамоти гумруки Қирғизистон, Қазоқистон убури марзро сангинтар кардааст, ки дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст.

Рӯзи 7-уми октябр президент Алмосбек Отамбоев президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро барои талоши дахолат ба корҳои дохилии Қирғизистон ва интихоботи президентӣ танқид кард. Вай, инчунин, аз Назарбоев барои мулоқоташ бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов интиқод намуд.

XS
SM
MD
LG