Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои Русия: Вазъият дар он сӯи Ому бадтар мешавад


Сергей Шойгу, вазири дифои Русия

Вазири дифои Русия гуфт, ки вазъият дар Афғонистон рӯ ба бадшавӣ ниҳодааст. Сергей Шойгу дар ин бора рӯзи 12-уми октябр дар мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Душанбе изҳори назар кард.

Шойгу барои иштирок дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омадааст.

Вазири дифои Русия дар суҳбат бо Шералӣ Мирзо аз тамринҳои муштараки нирӯҳои ду кишвар низ ёдоварӣ карда, гуфтааст, тамоми талош барои нигаҳдории субот дар минтақа, аз ҷумла марзи Тоҷикистон аст.

“Ман пеш аз ҳама Афғонистон ва боди таҳдидҳоеро, ки аз он сӯи Ому мевазад, дар назар дорам. Вазъият дар онҷо тағйир ёфтааст, аммо на ба маънои мусбат”, - афзудааст ӯ.

Расонаҳои Русия аз қавли вазири дифоъ навиштанд, ки ҳоло барномаи ҳимояти Маскав аз нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG