Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрид мехоҳад бидонад, ки истиқлолияти Каталония эълон шуд ё не


Нахуствазири Испания Мариано Раҳой
Нахуствазири Испания Мариано Раҳой

Нахуствазири Испания Мариано Раҳой аз раҳбарони минтақаи мухтори Каталония талаб кард ба ин мавзуъ равшанӣ андозанд, ки истиқлолияти Каталония эълон шуд ё не.

Раҳой рӯзи 11 октябр баъди ҷаласаи махсуси кабинет гуфт, рушанӣ дар ин масъала, қабл аз он ки ҳукумати Испания аз чораи дигаре кор бигирад, зарур буд.

Рабҳари каталония Карлес Пучдемон рӯзи 10 октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, салоҳияте, ки мардум дар ин райъпурсӣ дар ихтиёри ҳукумати ӯ гузошт, иҷозат медиҳад, ки Каталонияро ба як кишвари мустақил табдил диҳанд ва "Эъломияи Намояндагии Каталония"- ро имзо кард.

Аммо ӯ ҳамзамон пешниҳод кард, ки порлумони минтақавӣ "татбиқи эъломияи истиқлолиятро то оғози музокирот масдуд кунад".

Аз рӯи банди 55-и Қонуни асосӣ, Мадрид метавонад ҳар як аз 17 минтақаашро, ки масъулияти қонуниашонро иҷро намекунанд, таҳти назорат бигирад.

XS
SM
MD
LG