Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди назорат дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистону Қирғизистон


Расонаҳо аз шиддат гирифтани назорат дар гузаргоҳи марзии "Кордай"-и миёни Қазоқистону Қирғизистон хабар медиҳанд. Шоҳидон рӯзи 11-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар гузаргоҳ навбати тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Рӯзноманигор Марат Толомуш уулу хабар дод, садҳо одам дар навбат истодаанд.

"Ҷониби Қазоқистон убури марзро сангин кард. Тафтиш тӯлонитар шудааст. Се соат аст, мошине намегузарад. Марзбонон вазъро шарҳ намедиҳанд. Танҳо гуфтанд, ки тартиби убури марз каме сангинтар шудааст", - гуфт рӯзноманигор.

Гузаргоҳи "Ак Жол" аз ҷониби Қирғизистон ва "Кордай" аз ҷониби Қазоқистон, ки дар 25-километрии Бишкек қарор дорад, яке аз гузаргоҳҳои асосӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Салкин Абдикариева, сухангӯи хадамоти гумруки Қирғизистон мегӯяд, убури марз аз ҷониби Қазоқистон сангинтар шудааст, аммо сабабҳояш ҳанӯз маълум нест.

"Ман шаби 10 октябр тамос гирифтам. Марзбонони мо гуфтанд, ки аз ҷониби мо навбатпоӣ нест. Хабар доданд, мусофироне, ки аз сӯи Қазоқистон меоянд, аз тафтиши тӯлонӣ мегузаранд, мошинҳо ҳам тафтиш мешаванд. Марзбонҳои Қазоқистон ба шаҳрвандони мо гуфтанд, ки тафтиш ҷиддитар шуд, аммо моро дар ин бора расман огоҳ накарданд. Ин ҳуқуқи онҳост. Метавонанд тафтишро сангинтар кунанд, бидуни он ки моро дар ҷараён мегузоранд ё на", - гуфт сухагӯи хадамоти гумруки Қирғизистон.

Аз гузаргоҳи марзии "Кордай" ҳамарӯза то 25 ҳазор шаҳрванд ва наздики 2 ҳазор мошин убур мекунад. Дар фасли тобистон шумори убуркунандагон бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG