Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоии ҷангии Русия дар Сурия суқут кард, сарнишиy ҳалок шуд


Ҳавопаймои ҷангии Su-24

Ҳавопаймои ҷангии Су-24-и Русия аз хати парвоз дар пойгоҳии ҳарбии Хмеймими Сурия берун шуд ва суқут кард. Сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ин хабарро Вазорати дифои Русия тасдиқ кард.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо рӯзи 10 октябр дар ҳоле суқут кард, ки ба парвози муҳорибавӣ омода мешуд.

Хмеймим пойгоҳи ҳарбии Сурия аст, ки дар он низомиёни рус мустақар шудаанд.

Дар тӯли беш аз шаш соли ҷанг дар Сурия, Маскав президент Башор Асадро аз пуштибонии дипломатӣ ва низомӣ бархурдор кард.

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия, бо ҳадафи кумак ба ҳукумати Асад, моҳи сентябри соли 2015 оғоз шуд ва роҳро барои ҳузури низомии Русия дар ин кишвари Ховари Миёна ҳамвор кард.

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG