Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хориҷиҳо ба амалиёти низомии Русия дар берун аз хоки ин кишар роҳ дода мешаванд


Президент Владимир Путин қарореро имзо кард, ки ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ иҷозати ширкат дар амалиёти низомии артиши Русия дар хориҷи ин кишваро фароҳам меорад. Тағйиру иловаҳо ба қарор оид ба хизмати мусаллаҳона, ки рӯзи 9 октябр имзо шуд, ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки бар асоси қарордод дар амалиёти низомӣ иштирок кунанд. Ин қарор ба хориҷиҳое, ки бар асоси шартнома хизмат мекунанд, ҳақ медиҳад, ки дар хориҷа дар ҳайати нирӯҳои ҳофизи сулҳ ва амалиёти зиддитеррористии артиши Русия сафарбар шаванд.

Путин соли 2003 қонунеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷоза медиҳад ба ҳайси сарбози қаторӣ, дарёнавард ва сержант ба артиши Русия ҷалб шаванд. Хориҷиҳо ҳақ надоранд, ки ба ҳайси афсар ба хизмат ҷалб шаванд.

Русия аз сентябри соли 2015 ба хотири пуштибонӣ аз ҳукумати президенти Сурия Башор Асад дар амалиёти низомии Ховари Миёна иштирок мекунад. То ҳол вазорати дифои Русия нагуфтааст, ки оё шаҳрвандони хориҷӣ ҳам, ки ба артиши Русия шомил шудаанд, дар амалиёти низомии Сурия иштирок мекунанд ё на.

Артиши Русия бар асоси хизмати ҳатмии сарбозӣ ва ҳам шартномавӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG