Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Трамп ва сенатор Боб Коркер якдигарро таҳқир карданд


Раиси кумитаи равобити хориҷии Сенати ИМА Боб Коркер
Раиси кумитаи равобити хориҷии Сенати ИМА Боб Коркер

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп ва сенатори ҷумҳурихоҳ Боб Коркер рӯзи гузашта ҳамдигарро таҳқир карданд. Трам сенатори ҳамҳизби худро ба бастани як созиши ваҳшатнок бо Эрон муттаҳам кард, Коркер гуфт, ки президент метавонад кишварро ба "Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ" расонад. Ҷанҷоли лафзӣ рӯзи 8 октябр дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки Трамп бояд ин ҳафта созишномаро тасдиқ ё рад кунад.

Рад шудани созишнома ташаннуҷи байни Вашингтону Теҳронро афзоиш медиҳад ва кишварҳои дигарро, ки ба созишнома имзо гузоштаанд, нороҳат мекунад.

Трамп дар твиттер навишт, " Сенатор Боб Коркер "зора" карда буд, ки ман аз интихоби дуборааш дар аёлати Теннесси пуштибонӣ кунам. Ман гуфтам "Не" ва ӯ аз маърака хориҷ шуд (гуфт, ки бе дастгирии ман пирӯз намешавад)". "Ӯ ҳамчунин мехост Котиби давлатии ИМА шавад, ман гуфтам "Не, ташаккур". Ӯ ба сурати назаррас масъулияти созиши ваҳшатнок бо Эронро бар дӯш дорад!" - навиштаст Трамп.

Созишномаи соли 2015-и Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳронро, дар ивази мадуд кардани барномаҳои ҳастаӣ нарм кард.

Трамп бояд рӯзи 15 октябр тасдиқ кунад, ки созишнома аз ҷониби Эрон риоя мешавад. Агар ӯ инро накунад, Коркер - ҳамчун раиси кумитаи равобити байналмилаии Сенат дар масъалаи эҳёи таҳримҳо алайҳи Теҳрон нақши калидӣ пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG