Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Асилбек Юсупов баъди танқидшунавӣ дар маҷлиси ҳукумат


Асилбек Юсупов
Асилбек Юсупов

Ҳокими яке аз ноҳияҳои вилояти Андиҷони Узбакистон баъди интиқоди шадиди раҳбарияти вилоят аз кори ӯ дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта даргузаштааст. Ҷасади Асилбек Юсупови 57-сола рӯзи шашуми октябр ба хок супурда шуд.

Афроди огоҳ аз қазия гуфтанд, ки маҷлиси бахшида ба масъалаи ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта рӯзи 3-юми октябр баргузор шуд. “Дар ин ҷаласа раҳбарияти вилояти Андиҷон дар ҳаққи Асилбек Юсупов таҳқирро раво дид. Баъди он Юсупов ба ҳуҷраи кории худ ворид шуда, баъди хунрезӣ аз даҳону биниаш беҳуш гардидааст”, - гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ноҳияи Улуғнори вилояти Андиҷон.

Яке аз пизишкон дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳокими ноҳияи Улуғнор бо сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда, тӯли се рӯз дар ҳолати кома буд. Ӯ гуфтааст, дар ин муддат Асилбек Юсупов тавассути дастгоҳи сунъӣ нафас мегирифт.

Як деҳқон аз ноҳияи Улуғнор, ки дар ҷаласа иштирок доштааст, гуфт, раиси вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ҳокими ноҳияи онҳоро ҳақорат кардааст. Радиои Озодӣ ба далели ахлоқӣ он дашномро наметавонад нашр кунад.

Худи Шӯҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷон, ба занги хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб дод, аммо баъди шунидани номи Асилбек Юсупов гуфт, дар ҷаласае ҳасту суҳбат карда наметавонад. Вай ҳамчунин ба паёмаки телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ ҳеҷ посух нанавишт.

Дар гузашта дар Узбакистон бархе аз мақомдорон зердастони худро таҳқир карда, ҳатто мавриди зарбу лат қарор додаанд. Бархе аз ин кормандон дар пайи чунин рафтори мансабдорон ё аз сактаи дил даргузаштанд ваё худкушӣ карданд.

Барои мисол, моҳи июли соли 2015 Нодирбек Ҳайдарови 29-сола, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Ҳасанбой-ҳоҷӣ Баракат" дар вилояти Андиҷони Узбакистон баъд аз танқид шуниданаш дар як ҷаласаи ҳукумати маҳаллӣ худро ба дор овехта буд.

Аз он пештар дар вилояти Хоразм Ҳабибулло Эгамбердиев, ки "план"-и пахтаро буд карда натавонист, аз сӯи ҳоким таҳқир дид ва худро дар хонааш овехт.

XS
SM
MD
LG