Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоев ба кӯшиши ғасби ҳукумати Узбакистон муттаҳам шуд


Рӯзноманигори узбак Бобомурод Абдуллоев

Бино ба хулосаҳои пешакии тафтишот, рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев бо нашри матлабҳояш дар Интернет нақшаи ғасби ҳукумати Узбакистонро мекашид.

Додгоҳи ноҳияи Юнусободи Узбакистон рӯзи 1 октябр Абдуллоевро ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин муддуат алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва рӯзноманигор дар боздоштгоҳи муваққати Хадамоти амнияти ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Дар қарори додгоҳ омадааст, "Абдуллоев ба ҳайси як масъули "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури раҳбари ин созмон Муҳаммад Солеҳ сар аз соли 2011 дар Интернет бо нашри матлабҳое машғул буд, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд".

Ба иддаои муфаттишон Равшанбек Салаев ва Шавкатҷон Оллоёров - ду нафари масъул дар таъмини амнияти раҳбарони Узбакистон манбаъҳои аслии Абдуллоев будаанд. Рӯзноманигор бо мусоидати ин ду нафар ва дастури Муҳаммад Солеҳ барномаи "Жатва"-ро таҳия мекард, ки ҳадафаш сарнагун кардани сохти конститутсионии Узбакистон буд.

Муфаттишон мегӯянд, иштирокдорони барномаи "Жатва" бо ҷалби мансабдорони "калидӣ"-и ҳукумати Узбакистон ва шумори зиёди мардум мехостанд, дар чаҳор шаҳри бузургтарин -- Тошканд, Фарғона, Навоӣ ва Ургенч даст ба табаддулоти давлатӣ зананд.

Бобомурод Абдуллоеви 44-сола 27 сентябри имсол дар шаҳри Тошканд боздошт шуд. Ӯро нахуст ба дуздӣ айбдор карданд, вале бо гузашти чанд рӯз пулис хабар дод, ки рӯзноманигор ба "ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" айбдор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG