Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи бунёди роҳи Тошканд-Андиҷон-Ӯш-Қошғар


Парчами Узбакистон ва Қирғизистон
Парчами Узбакистон ва Қирғизистон

Қирғизистону Узбакистон рӯзи 5 октябр созишномаи бунёди масири боркашонии Тошканд-Андиҷон-Ӯш-Қошғарро имзо карданд. Ин санадро вазири роҳу нақлиёти Қирғизистон Жамшитбек Калилов ва вазири тиҷорати хориҷии Узбакистон Элер Ғаниев имзо карданд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи гузашта мулоқотҳоеро бо мақомоти Узбакистон дар Тошканд анҷом дод.

Бунёди роҳи ошканд-Андиҷон-Ӯш-Қошғар барои рушди тиҷорати Қирғизистон, Чин ва Узбакистон шароити хуб фароҳам мекунад,- менависанд расонаҳо.

Дар маҷмуъ, миёни Қирғизистону Узбакистон 12 созишнома ва эъломияи шарикии стратегӣ, густариши эътимод, ҳусни ҳамсоядорӣ ва дӯстии халқҳои қирғизу узбак имзо шуд.

Сафари давлатии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Узбакистон 5 октябр шуруъ шуда, имрӯз низ идома мекунад.

XS
SM
MD
LG