Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори шабакаи НТВ-и Русияро аз Украина ихроҷ карданд


Хадамоти амнияти Украина рӯзи 5 октябр хабарнигори шабакаи НТВ-и Русия Вячеслав Немишевро барои “фаъолияти зидди манфиатҳои миллии кишвар” аз Украина ихроҷ кард.

Дар изҳороти дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Украина гуфта шудааст, ки Немишев то се соли дигар ҳаққи вуруд ба қаламрави Украинаро надорад. Хабарнигори шабакаи НТВ дирӯз дар Киев боздошт шуда буд.

Моҳи август мақомоти амниятии Украина хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Анна Курбатоваро аз кишвар берун карда буданд. Хабарнигорро дар тарғиботи зидди украинӣ ва таҳрифи ҳаводиси кишвар айбдор намуданд. Анна Курбатова низ ҳақ надорад, ки тайи се соли оянда вориди хоки Украина шавад.

XS
SM
MD
LG