Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҳалокати 12 фармондеҳи “Ҷабҳат-ан-Нусра” дар Сурия хабар дод


Вазорати дифои Русия аз кушта шудани 12 фармондеҳи гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ан-Нусра” бар асари зарбаҳои ҳавопаймои ҷангии СУ-34 ва Су-35 дар Сурия хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, бар асари зарбаҳо раҳбари гурӯҳ Абу Муҳаммад ал-Ҷулиён ҷароҳати сангин бардоштааст.

Ин хабар ҳанӯз аз сӯи манобеи мустақил тасдиқ нашудааст.

Намояндаи раисии вазорати дифои Русия Игор Конашенков изҳор намуд, ки дар маҷмӯъ дар зарбаҳо дасти кам 60 тан аз ҷангиёни “Ҷабҳат-ан-Нусра” ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни рус дар бораи таҷаммӯъи фармондеҳони гурӯҳ аз чанд манбаи иктишофӣ иттилоъ гирифтанд.

Гурӯҳи “Ҷабҳат-ан-Нусра” моҳи январи соли 2012 дар Сурия ба хотири мубориза бо нерӯҳои ҳукуматӣ таъсис шуд ва бахше аз шабакаи террористии “Ал-Қоида” маҳсуб мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Дарси тасвири бадани урён дар як Донишкадаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
XS
SM
MD
LG