Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Э.Раҳмон ба Трамп: "Ҳодисаи Лас Вегас амали золимона аст"


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон марги даҳҳо нафар дар як ҳодисаи тирандозӣ дар шаҳри Лас Вегасро ба президенти Амрико Доналд Трамп ва мардуми он кишвар таслият гуфт. Ин номаи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми октябр фиристода шуд ва дар он куштори даҳҳо нафар дар Лас Вегас амали золимона арзёбӣ гардидааст.

"Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо андӯҳи бузург дарёфтам", - гуфта шудааст дар ин нома. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, хостори ҳарчи зудтар шифо ёфтани афроди маҷруҳ ҳастанд.

Рӯзи гузашта бар асари тирандозӣ дар наздикии меҳмонхонаи "Мандалай-Бэй"-и Лас Вегас 58 нафар кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шуд. Мақомоти Амрико аз фарди тирандоз Стивен Паддоки 64-сола ном бурданд, ки ӯ ҳам дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар "Твиттер"-и худ ба наздикони қурбониёни тирандозии Лас-Вегас ибрози ҳамдардӣ кардааст. Раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки парчамҳои Амрико ба эҳтироми қурбониён ба ҳолати нимаафрошта дароянд.

Қарор аст, Трамп рӯзи 4-уми октябр ба Лас-Вегас биравад.

XS
SM
MD
LG