Пайвандҳои дастрасӣ

Reuters: Ҳамлаи маргталабона дар Димишқ 10 танро қурбон кард


Саҳнаи ҳамлаи маргталабона дар Димишқ. 2 октябри соли 2017

Ҳамлагари интиҳорӣ худро дар назди идораи пулиси минтақаи Ал-Мидан мунфаҷир кард. Дар ин бора Reuters рӯзи 2 октябр гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ беш аз 10 нафар, бо шумули ходимони пулис кушта шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Аз моҳи июл ин нахустин ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Сурия аст. Он вақт маргталабе худро дар ноҳияи шарқии Димишқ тарконд ва беш аз 20 нафарро кушта ба ҷой гузошт. Нозирон мегӯянд, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар Димишқ, ки қароргоҳи президент Асад дар онҷо ҷойгир аст, аҳён иттифоқ меафтад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG