Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

337 захмӣ дар даргирии пулис бо раъйдиҳандагони Каталония


Мақомоти Каталония рӯзи 1-уми октябр гуфтанд, ки дар даргирии нирӯҳои пулис бо раъйдиҳандагон 337 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи бархеи онҳо вахим ё нигаронкунанда гуфта мешавад.

Ин вазъият дар ҳоле пеш омадааст, ки Каталония рӯзи якшанбе барои истиқлолаш аз Испания референдум баргузор кард ва ҳазорҳо нафар ба пойи сандуқҳои раъй ҳозир шуданд. Аммо ҳукумати Испания ин раъйпурсиро мухолиф бо Қонуни асосии ин кишвар дониста, онро масхараи демократия тавсиф кард. Ҳукумати Испания гуфт, ки нирӯҳои пулис на бар зидди мардум, балки барои мусодираи варақаҳои райъдиҳӣ равона шудааст.

Ада Колау, шаҳрдори Барселона, маркази Каталония истеъфои нахуствазири Испания Мариано Рахояро талаб кард. Ӯ ҳукумати Испанияро барои истифода аз зӯр алайҳи мардуми осоиштаи шаҳр, ки нияти иштирок дар раъйпурсиро доштанд, муттаҳам намуд.

Чунин интиқод аз забони раҳбари Каталония Карлес Пучдемон низ садо дод. Ӯ гуфт, истифода аз “дубинка” ва талоши дахолат ба ҷараёни референдум тасвири даҳшаҳатнокеро аз Испания ба ҷаҳон намоиш хоҳад дод.

Бархӯрди пулис бо иштирокдорони референдуми истиқлолияти Каталония, ки ҳукумати Испания онро ғайриқонунӣ хондааст, идома дорад. Дар Жирон, Барселона ва шарҳои дигар пулис аз зӯр истифода карда, раъйдиҳандагонро аз нуқтаҳои овоздиҳӣ рондааст. Бино ба хабарҳо, чанд нафар ҳам боздошт шудааст.

Новобаста аз ин вазъ, баъзе қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳанӯз ба корашон идома медиҳанд. Мақомоти Каталония гуфтанд, ки дар ҳар вазъият натиҷаҳои муқаддамотӣ шаби душанбе эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG