Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Хуросон рафтааст. АКС


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни кори саҳро ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рафтааст. Ин сафари ногаҳонии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми октябр ба дунболи сарусадоҳо дар бораи гӯё маризии ӯ сурат гирифт.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи ба номи “Пешвои миллат” оғоз ёфт. Ин боғ моҳи феврали соли гузашта дар 160 гектар замини хоҷагии “Асадулло” дар минтақаи Фахрободи ноҳияи Хуросон бунёд шудааст.

Манбаъ ҷузъиёти зиёди мулоқоти раиси ҷумҳурро ошкор накарда, бештар дар бораи ин боғ маълумот дод. Танҳо дар охири ин хабари дафтари матбуот ёдоварӣ шуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ташкили корхонаи коркарди меваву сабзавот дар ноҳияи Хуросон дастур дода, гуфтааст, кишоварзон нафақат меваву сабзавот, балки маҳсулоти консервашударо низ ба хориҷа содирот кунанд.

Дар аксҳои наве, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли чидани себу ангур ва олу дар алоҳидагӣ ва дар миёни кишоварзону бархе пайвандонаш тасвир ёфтааст.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон дар ҳоле сурат гирифт, ки тайи чанд рӯзи охир баъзе сарусадо дар бораи вазъи саломати ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҳарчанд мақомот дар бораи вазъи саломати ӯ расман ҳарфе нагуфтанд, баъзе аз расонаҳои наздик ба ҳукумат рӯзи якшанбе ин сарусадоро “фантазияи мухолифин” номида, камнамо шудани президентро дар экранҳои телевизион ба корҳои зиёди давлатиаш рабт доданд.

XS
SM
MD
LG