Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон хостори қатъи озмоишҳои мушакии Куриёи Шимолӣ шуд


Рекс Тиллерсон бо Сӣ Ҷинпин
Рекс Тиллерсон бо Сӣ Ҷинпин

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, дар ҷараёни сафараш ба Пекин хостори оромиш дар нимҷазираи Куриё ва ҳамчунон мутаваққиф кардани озмоишҳои мушакии Куриёи Шимолӣ шуд. Ӯ рӯзи 30-юми сентбяр дар суҳбат бо Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфт, агар Куриёи Шимолӣ озмоишҳои мушакиро мутаваққиф кунад, вазъият ором хоҳад шуд.

Тиллерсон дар ин суҳбаташ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида Куриёи Шимолиро ба ҳайси як қудрати ҳастаӣ нахоҳад шинохт. Ба дунболи ин суханони Тиллерсон дар Пекин, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико дар Вашингтон гуфт, ҳеҷ нишонае дар мавриди алоқамандӣ ё омодагии мақомҳои Куриёи Шимолӣ дар бораи ғайриҳастаисозии ин кишвар дида нашудааст.

Дар баробари Куриёи Шимолӣ ду тараф дар мавриди тиҷорат ва ҳамчунин сафари ояндаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Чин суҳбат карданд.

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, пешопеш ин сафарро муҳим хонд ва гуфт, “фикр мекунам, сафари раиси ҷумҳур Трамп як фурсати муҳим барои тақвияти равобит миёни Амрикову Чин аст. Умедворам, ки мақомоти ҳарду кишвар барои ин рӯйдоди муҳим омодагии комил бигиранд. Фикр мекунам, ки дидори ӯ хос, олӣ ва бомуваффақият хоҳад буд”.

Қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябр аз Чин дидан кунад. Пеш аз ин, Доналд Трамп бо ҳамтои чинии худ дар моҳи апрел дар аёлати Филаделфия дидор карда буд.

XS
SM
MD
LG