Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи президент: "Худситоиро бас кунед"


Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар як нома аз раҳбарияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои давлатии кишвар хостааст, ки дар вебсайтҳои расмӣ худситоиро кам карда, бештар дар фикри пешниҳоди иттилоъ бошанд. Ин ниҳод, инчунин, идораҳоро аз хатари шикаста шудани сомонаҳояшон ҳушдор додааст.

То ҳол почтаи электронии аксари онҳо дар сервиси русии майл.ру боқӣ мондааст, ки роҳҳои шикастани он барои ҳар хоҳишманд дастрас аст.

Талаби дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки хабарнигорони тоҷик мегӯянд, вебсайтҳои расмӣ талаботи онҳоро ба иттилоъ қонеъ намекунанд. Мутахассисон низ мегӯянд, бахши амнияти сомонаҳо дар Тоҷикистон бисёр заиф аст.

“Баъди панҷ рӯз хабар медиҳанд”

Маҳпора Киромова
Маҳпора Киромова

Маҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик бо тақозои касбаш ҳар рӯз барои гирифтани иттилоъ вориди вебсайтҳои расмӣ мешавад. Ӯ рӯзи 1-уми октябр гуфт, дар ҳоле ки гирифтани иттилоъ аз шахсони аввал бисёр мушкил аст, сомонаҳо аз манбаи аслии дарёфти иттилои расмӣ боқӣ мемонанд. “Аммо дар вебсайтҳои расмӣ хабар дер нашр мешавад. Масалан аз воқеае хабар медиҳанд, ки аллакай аз он 3 ё 4 рӯз ва ҳатто 5 рӯз гузаштааст. Агар ягон хабарро нашр ҳам кунанд, як хабари хушку холист ва аз он чизи комил сохта намешавад”, - афзуд ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, манбаъҳо аз ҳисоби кормандони идораҳо ҳамоно аз роҳҳои аслии дарёфти иттилоъ аз мақомоти тоҷик боқӣ мемонанд. Аммо Киромова таъкид мекунад, ба ҷуз аз чанд идораи ангуштшумор ба мисли Вазорати меҳнат шахсони аввали идораҳо барои рӯзноманигорон дастнорасанд.

Рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд, дар ин самт вазъ барои расонаҳои мустақил мушкил аст. Чун расонаҳои расмии Тоҷикистон одатан хабарҳои мақомотро тақрибан бе ягон тағйирот бознашр мекунанд.

“Бюрократия - монеи аслӣ дар роҳи фаъол шудани сомонаҳо?”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъд аз дарёфти мактуби дастгоҳи иҷроияи президент шахсони алоҳида барои назорати сомона таъин шуда, пайи беҳтар кардани вазъ мебошанд. Ёқубҷон Уроқов, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, дар мактубе, ки аз ҷониби дастгоҳ дарёфт карданд, гуфта мешавад, дар сомонаҳои расмӣ таърифу тавсифи масъулин камтар шуда, бештар маълумот ҷой дода шавад.

Ба таъкиди ин масъули Вазорати кишоварзӣ, “дар мактуб омада буд, худситоӣ камтар шавад. Ҳолатҳое аст, ки дар сомонаҳо худи вазорату идораҳоро васф мекунанд. Баъдан гуфта мешуд, ки бештар дастовардҳои худи ҷумҳурӣ вобаста ба соҳа пешниҳод карда шавад.”

Ҳамсуҳбатони мо аз бахшҳои матбуотии идораҳои давлатӣ, ки намехоҳанд номашон зикр шавад, мегӯянд, бюрократизм аз монеҳои аслии саривақт пахш шудани хабарҳои расмӣ мебошад. Чун, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар мақомоти давлатӣ то ҳол қоидае боқӣ мондааст, ки ҳар иттилоъ танҳо баъд аз иҷозаи яке аз роҳбарони аввал дар сомона ҷой дода мешавад. Маҳз ҳамин ҳолат ба қавли масъулини бахши матбуотии мақомоти давлатӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки баъди омода кардани иттилоъ соат ва ҳатто рӯзҳо мунтазир бимонанд, то роҳбари аввал онро аз назар гузаронда барои пахшаш иҷоза диҳад.

Аҳлиддин Салимов
Аҳлиддин Салимов

Ёқубҷон Уроқов, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ба вебсайти ин ниҳод иттилоъ танҳо вақте роҳ меёбад, ки худи роҳбарияти вазорат онро бубинанд ва “ок” гӯянд.

“Аксари сомонаҳо дар Тоҷикистон аз ҷиҳати амният заифанд”

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар мактуби худ ҳамчунин аз идораҳои давлатӣ талаб кардааст, ки дар самти таъмини амнияти сомонаҳои худ корро ҷиддӣ бигиранд. Аз ҷумла дар ин нома гуфта мешавад, ки барои назорати сомона шахси алоҳида мутасаддӣ шавад.

Аҳлиддин Салимов, мутахассиси бахши амнияти рақамӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон аксари сомонаҳо дар платформаҳои куҳна сохта шудаанд ва аз ин хотир ба талаботи амнияти диҷиталӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба қавли Салимов, вақти он расидааст, ки мақомот на танҳо ба фикри таъмини амнияти сомонаҳои расмӣ, балки барои аз шикаст эмин доштани почтаҳои электроние чора андешанд, ки тариқи онҳо маълумоти расмӣ фиристода мешавад.

“Агар барои ягон рахнагар шикастани сомонаҳои Тоҷикистон аҳамият пайдо кунад, ба осонӣ метавонад ин корро анҷом диҳад. Агар амнияти иттилоотиро дар назар бигирем, бо боварӣ мегӯям, ки аксари масъулини мақомоти давлатӣ оддитарин қоидаи амнияти рақамиро риоя намекунанд. То ҳол почтаи электронии аксари онҳо дар сервиси русии майл.ру боқӣ мондааст, ки роҳҳои шикастани он барои ҳар хоҳишманд дастрас аст. Яъне, на фақат амнияти сомона, балки амнияти почтаҳои электронӣ ҳам сахт ҳифз шавад, ки мақомоти давлатӣ аз он истифода мебаранд”, - мегӯяд Аҳлиддин Салимов.

Тобистони соли гузашта ширкати интернетии "Rapid7" Тоҷикистон дар қатори чаҳор давлате ҷой дода буд, ки дар муқобили ҳамлаҳои хакерӣ аз ҳама осебпазиранд.

Ин мутахассиси тоҷик пешниҳод мекунад, ки дар буҷети Тоҷикистон як бахши алоҳида барои таъмини амнияти иттилоотии идораву мақомот пешбинӣ шавад.

Паёми “Ҷундуллоҳ” дар вебсайти Вазорати маориф

То имрӯз ҳадди ақал хабари шикаста шудани сомонаи ду ниҳоди Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2016 торнамои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта, дар он аксу нашиди созмони "Ҷундуллоҳ" ва паёми "Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис" нашр шуд. Дар ин паём аз давлати Русия талаб мешуд, ки ба пуштибонӣ аз “давлати ҷиноии Башор Асад”, қатлу куштори занону кӯдакон ва тахриби мактабҳо, хонаҳо, масоҷид ва бемористонҳо хотима диҳад ва аз сокинони Русия талаб шудааст, ки ба давлати худ фишор оранд, то нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад.

Пештар аз ин дар моҳи январи соли 2015 сомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Порис иттифоқ уфтод ва дар саҳифаи асосии сомона ҳамлагарон шиори “Op France Musulman Еt je Рas Charli” (Мусулмонам ман, на Шарли)-ро овехта буданд.

Тобистони соли гузашта ширкати интернетии "Rapid7" Тоҷикистон дар қатори чаҳор давлате ҷой дода буд, ки дар муқобили ҳамлаҳои хакерӣ аз ҳама осебпазиранд.

XS
SM
MD
LG