Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори ду сенатор ба Трамп: Таҳрими Русия аз ёд наравад


Доналд Трамп

Ду сенатори амрикоӣ ба раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳушдор додаанд, ки қонуни таҳримҳои нав алайҳи Русияро бо ҷиддият амалӣ кунад.

Дар як нома ба Кохи Сафед рӯзи 29-уми сентябр Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ ва Бен Кардени деморкат гуфтаанд, ки Сенат амалӣ шудани ин қонунро ҷиддӣ назорат ва пайгирӣ хоҳад кард.

Бар асоси ин қонун таҳримҳое, ки алайҳи Русия вуҷуд доранд, бояд идома пайдо кунад ва шояд таҳримҳои нав ҳам бар он замима бишавад.

Раиси ҷумҳури Амрико, ки хоҳони равобити беҳтар бо Русия аст, моҳи августи имсол ин қонунро имзо гузошта буд. Бастаи тадбирҳои нав дар асл президентро аз ҳаққи лағви қарор бидуни иҷозаи Конгресс маҳрум мекунад.

Худи Доналд Трамп бар ин назар аст, ки қонун "ба салоҳиятҳои ӯ дахолат кардааст." Ӯ гуфта буд, замоне қонуни тасвибшударо иҷро мекунад, ки агар бо Қонуни асосии Амрико дар ҳоли муғойират қарор нагирад.

Баъд аз тасвиби ин қонун аз тарафи Конгресс ва имзо шуданаш аз тарафи Доналд Трамп, дар Кремл гуфтанд, ки таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия ба хушбиниҳо дар заминаи беҳтар шудани робитаҳо бо маъмурияти феълии Кохи Сафед хотима гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG