Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори фирорӣ дар Киев боздошт шуд


Uzbekistan - asylum seeker, Uzbek journalist Narzulla Oxunjonov
Uzbekistan - asylum seeker, Uzbek journalist Narzulla Oxunjonov

Рӯзноманигори пешини радиои "Ӯзбекистон" Назрулло Охунҷонов, ки бо ҳадафи дарёфти паноҳандагӣ аз Туркия ба Украина рафт, дар шаҳри Киев боздошт шуд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" рӯзи 27 сентябр аз мақомоти Украина даъват кард, ки Назрулло Охунҷоновро раҳо кунанд.

Алексей Федоров, вакили дифои рӯзноманигор ба "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" хабар додааст, ки эҳтимол дорад, Охунҷонов ба Узбакистон истирдод шавад. Додгоҳи Киев 27 сентябр қарор кард, ки рӯзноманигорро то ҳал шудани масъалаи истирдодаш, то 40 рӯз дар боздошт нигаҳ дорад.

Охунҷонов 20 сентябр дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Ин рӯзноманигор аз сӯи Интерпол ҷустуҷӯ мешавад. Мақомоти Ӯзбекистон Охунҷоновро дар қаллобӣ айбдор мекунанд.

Вакили дифои рӯзноманигори узбак мегӯяд, зерҳимояаш айбҳои эълоншударо рад мекунад. Ин рӯзноманигор гуфтааст, Узбакистонро бо сабабҳои сиёсӣ тарк кардааст. Охунҷонов чанд соли охир дар Туркия зиндагӣ мекард. Баъди бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар он кишвар тасмим гирифт, ба Украина равад.

XS
SM
MD
LG