Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш ва қатли як ҳамҷинсгаро. Шарифҷон ба ҳабси абад маҳкум шуд


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Шарифҷони Зокир, сокини рустои Зарбдори Қӯрғонтеппа ва аз омилони аслии таркиши маргбор дар ин шаҳр, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Таркиш дар наздикии пойгоҳи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа моҳи марти имсол як кушта бар ҷой гузошт. Муҳаммад Кенҷазода, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр ҳангоми қироати ҳукм гуфтааст, ки Шарифҷони Зокир, инчунин, ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва куштори як ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон айбдор аст.

Мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, ин афрод барои насби парчами сиёҳ дар теппаи “Қӯрғон” ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа низ айбдоранд.

Аз терроризм то куштор

Додгоҳ хонандаи синфи нӯҳум Раҷабҷони Зокир, бародари Шарифҷони Зокирро низ барои ҳамдастӣ дар анҷоми таркиши шаҳри Қӯрғонтеппа панҷ сол аз озодӣ маҳрум намуд. Сокинони дигари вилояти Хатлон Равшан Файзиев, Рустамҷон Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов барои шарикӣ дар анҷоми таркиш ва ҷиноятҳои дигар аз 13 то 15 сол зиндонӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, ин афрод бар асоси даҳ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризму сохтани ғайриқонунии силоҳ айбдор шуданд.

Ҳодӣ Файзиев: Маро ба ҳоли худам монед

Наздик ба маҳалли таркиши моҳи марти 2017 дар Қӯрғонтеппа
Наздик ба маҳалли таркиши моҳи марти 2017 дар Қӯрғонтеппа

Наздикони Шарифҷони Зокир рӯзи 28-уми сентябр нахостанд, ки дар бораи ин қазия сӯҳбат кунанд. Ҳодӣ Файзиев, амаки Шарифҷон, эълони ҳукми додгоҳро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳеҷ майли суҳбат надорад. Тафсилоти бештари ончи дар додгоҳ низ гузашт, барои мо маълум нест.

Вале хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба мақомоти Додгоҳи олӣ гуфт, ки Шарифҷони Зокир аз соли 2015 бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” робита дошт ва бо афроде ба мисли “Муовия”, “Абу Муҳоҷир”, “Абу Усомаи Норакӣ” ва чандин нафари дигар дар тамос буд. Ба қавли манбаъ, ӯ баъдан ба ин гурӯҳ бародар ва писари ноболиғи амакашро низ ҷалб кардааст.

Насби парчами сиёҳ ва қатли ҳамҷинсгаро

Мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, ин афрод барои насби парчами сиёҳ дар теппаи “Қӯрғон” ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа низ айбдоранд. Мақомот мегӯянд, пас аз иҷрои ин амал, ки навори онро ба аъзои дигари ДИИШ фиристодааст, Шарифҷони Зокир, моҳи августи соли 2016 тасмим мегирад, як ҷавони ҳамҷинсгароро ба қатл расонад.

Навори видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

“Нақшаи ба қатл расондани ҳамсоядеҳааш - сокини деҳаи Элтии ноҳияи Бохтар “Н.Қ.С-ро тарҳрезӣ намуда, бо ӯ дар ҳудуди деҳаи Элтӣ вомехӯрад. Зимни суҳбат оид ба майли бачабозӣ доштани номбурда боварӣ ҳосил мекунад ва шаби 13-уми августи соли 2016 бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳим - гардан, сар ва пушт чор дафъа зарба задааст, ки дар натиҷа ин шахс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид”, - гуфтаанд дар додгоҳ.

Ҳадафи таркиш низомиёни рус буданд?

Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомот мегӯянд, ӯ ду дафъа тариқи «Яндекс-денги» барои амалҳои тахрибкорона аз аъзои ДИИШ 9 ҳазор рубли русӣ гирифтааст. “Барои санҷиш, ӯ бори аввал маводи таркандаро дар ҷойи беодам метарконад, вале бори дуввум, 8-уми январи соли 2017 маводи таркандаи худсохтро дар зери мошини хизматии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа ба кор медарорад. Бо такрори ин амал, рӯзи 30-уми январ маводи таркандаи дигарро зери мошини тамғаи “Хундай” метарконад”, - гуфта шудааст дар қарори додгоҳ, вале мақомот шарҳ надодаанд, ки ин мошин ба кӣ тааллуқ дорад.

Бино ба хулосаи додгоҳ ҳадафи таркиши моҳи апрел дар шаҳри Қӯрғонтеппа низомиёни рус буданд, вале чун шахсони муҳим ба заррабин наафтоданд, маҳалли таркиш ба назди бинои Додситонии ҳарбӣ кӯчидааст. Дар пайи ин таркиш Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ҷон бохт. Мақомот мегӯянд, як мақсади ин таркиш “халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ” буд.

Насрулло Маҳмудзода
Насрулло Маҳмудзода

Бори аввал аст, ки дар бораи омилони таркиши рӯзи 12-уми март дар шаҳри Қӯрғонетппа тафсилоти пурра дода мешавад. Мақомот ин ҳодисаро расман кори гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" унвон карданд. Қаблан, Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳодиса панҷ нафар боздошт шудааст.

Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи “Ансоруллоҳ” масъули ин ҳамла будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG