Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз чор моҳ -- парвандаи таркиш дар Қӯрғонтеппа ба додгоҳ рафт. ВИДЕО


Барои нахустин бор Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиши рӯзи 12-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа, изҳори назар кард. Ин таркиш дар рӯбарӯи бинои Додситонии ҳарбии Қӯрғонтеппа ва наздикии пойгоҳи 201-уми Русия рух дод ва дар он Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, нигаҳбони литсейи техникии Қӯрғонтеппа ҷон бохт.

Нусратулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки парвандаҳои -- Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир, Раҷаб Файзиев, Рустам Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов ба иттиҳоми "терроризм", "сӯиқасд ба одамкушӣ", "истифодаи маводҳои тарканда" ва "ташкили гурӯҳи экстремистӣ" пас аз тафтиш ба додгоҳ ирсол шуданд. Ба гуфтаи вай, ин парванда дар категорияи "ҷиноятҳои махсусан муҳим" шомил буд ва бинобар ҳамин, баррасии онро Додситонии кулл ба дӯш гирифт.

Ин таркиш дар рӯбарӯи бинои Додситонии ҳарбии Қӯрғонтеппа ва наздикии пойгоҳи 201-уми Русия рух дод ва дар он Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, нигаҳбони литсейи техникии Қӯрғонтеппа ҷон бохт.

Бо гузашти чор моҳ аз ин ҳодиса мушаххас нест, ки то куҷо худи гумонбарон дар иттиҳомоти ворида худро гунаҳгор эътироф мекунанд ё на ва дар робита бо ду таркиши рухдода назари онҳо чӣ аст.

Дар ҳамин ҳол Насрулло Маҳмудзода гуфт, ки "натиҷаи амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ҷиноятро ошкор ва нисбати панҷ нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд". Аммо Додситони вилояти Хатлон аз ин бештар дар робита ба ин қазия шарҳ надод ва ҳамчунин нагуфт, ки ин афрод ба кадом гурӯҳ шомил ҳастанд ва бо чӣ ҳадафе ин таркишро созмон доданд.

Аммо як мақоми қудратии вилояти Хатлон дар ҳамоише баъд аз таркиши Қӯрғонтеппа гуфта буд, ки ин афрод маводи худсози таркандаро қабл аз ҳодисаи таркиши 12-уми март дар зери мошин гузошта будаанд. Ин мақом гуфт, ки се нафар аз як хонавода ва ду нафари дигарашон аз ноҳияи Ваҳдат будаанд, ки қаблан аз ақидаҳои "Давлати исломӣ" пайравӣ намуда ва парчами сиёҳеро дар як гӯшаи масҷиди деҳаи Зарбадор гузошта буданд.

Тибқи иттилои расмӣ, афроди боздоштшуда тариқи интернет дастури анҷоми таркишро аз аъзои "Давлати исломӣ" мегирифтанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳадаф аз ин таркишҳо, ҳамраъйи ба ҳизбу созмонҳои террористӣ будааст.

Пас аз чор моҳ -- парвандаи таркиш дар Қӯрғонтеппа ба додгоҳ рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Додситони вилояти Хатлон ҳамзамон тасдиқ кард, ки таркиши моҳи март дуюмин инфиҷор давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Таркиши аввал дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппа рух дод ва талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Дар гузашта манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар таркиши аввал дастгоҳи таркандаи худсохти ин гурӯҳи 5-нафара зери мошини як масъули ширкати мобилии "Билайн" гузошта шуда буд.

Тибқи иттилои расмӣ Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир - бародарон аз деҳаи Зарбадор ва Раҷаб Файзиев - падари онҳо мебошад, ки дар ҷинояти таркиш бо истифода аз мавод ё василаҳои тарканда дар хонаашон муттаҳам дониста мешаванд. Дар ҳамоишҳое, ки баъди ин таркиш дар мактабу деҳоти шаҳру навоҳӣ баргузор шуд, мақомоти амниятӣ гуфта буданд, ки он амали фармоишӣ будааст. Як мақоми дигари вилояти Хатлон гуфта буд, ки як узви ин гурӯҳ дар гузашта куштор анҷом дода буд.

Дар ҳоле, ки мақомот афроди гумонбарро дар боздошт нигоҳ дошта мегӯянд, парвандаи онҳо ба баррасии додгоҳ ирсол шудааст, бархе хешовандони муттаҳамонон мегӯянд, дар бораи асли ҳодиса хабар надоранд. Як хешованди хонаводаи Файзиевҳо, ки дар деҳаи Зарбадор зиндагӣ мекунад, гуфт, ки баъди ҳодисаи моҳи март дар пушти хонаи онҳо пулис зиёд ҷамъ мешуд, вале чӣ будани ҳодисаро намедонистанд.

Ин шахс, ки нахост номаш бурда шавад, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти чанд моҳ ҳанӯз ҳам намедонад, ки чӣ шудааст. Вай гуфт, ки воқеан ҳам баъди ин ҳодисаҳо Файзиев ва писарашро дигар дар хона ва ё маҳалли зисташон вонахӯрдааст.

Деҳаи Зарбдор ва мактаби рақами 15 чанд сол қабл дар ҳисоби ноҳияи Бохтар буданд, вале дар пайи васеъ шудани масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа, ба ҳудуди маркази маъмурии вилояти Хатлон ворид гардиданд.

XS
SM
MD
LG