Бар асари ҳамлаи маргталабона дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дасти кам 12 корманди хадамоти амниятии Афғонистон кушта шуда ва чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Сухангӯи идораи полиси Қандаҳор Зиё Дурронӣ хабар дод, ки рӯзи 28 сентябр маргталаб мошини “Хамви”-и ҳомили маводи таркандаро дар канори қароргоҳи полис дар минтақаи Маъруфи шаҳр тарконд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Толибон” бар дӯш гирифт. Ба иттилои раҳбарони ҷунбиш, онҳо минтақаи Маъруфро таҳти назорат гирифтанд. Аммо Зиё Дурронӣ ва аъзои Шӯрои вилоят ин хабарро рад карданд.
Низомиёни ИМА ҳазорҳо мошини тамғаи “Хамви”-ро дар ихтиёри низомиёни афғон гузоштанд. Тайи солҳои ахир толибон даҳҳо адад аз ин мошинҳои гаронқимматро ғасб карданд.