Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳимзода бо масъулони турку афғон дар Пекин


Мулоқоти вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзод бо муовини вазири умури дохилии Туркия Меҳмет Эрсой.
Мулоқоти вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзод бо муовини вазири умури дохилии Туркия Меҳмет Эрсой.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҳошияи 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол, ки дар Пекин идома дорад, бо муовини вазири умури дохилии Туркия Меҳмет Эрсой мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Раҳимзода ва Эрсон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати кофтукоби афроди мавриди ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди афроди таҳти пайгарди "Интерпол" гуфтугӯ намудаанд. Дар ҳошияи ин нишаст Рамазон Раҳимзода ҳамчунин бо Мурод Алӣ Мурод, муовини вазири умури дохилии Афғонистон мулоқот кардааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо мубориза бо таҳдиду хатарҳо дар минтақаро баррасӣ карданд.

Ассамблеяи генералии "Интерпол" то рӯзи 29-уми сентябр идома мекунад. Дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ дорад.

XS
SM
MD
LG