Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархор. Подполковники собиқ барои "қаллобӣ" боздошт шуд


Раҳбари пешини Хадамоти оташнишонии ноҳияи Фархор ҳудуди як моҳ қабл барои "додани пора" ва "қаллобӣ", аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсия, боздошт шудааст. Як манбаъ аз Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чоршанбеи 27-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти подполковники Сайдаҳмад Саидовро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи Кӯлоб нигаҳдорӣ мешавад ва дар нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Сайдаҳмад Саидов, подполковники собиқи Хадамоти оташнишонӣ дар ҳоле аз сӯи Оҷонсии зидди корупсия боздошт шуд, ки ӯро дар моҳи июн баъди сӯхтори бозори марказии Фархор, аз мақом сабукдӯш карда буданд. Ӯ баъди сӯхтори бозори марказии Фархор дар 2010, ба мақоми сардори Хадамоти оташнишонии Фархор таъйин гардида буд.

Зимнан, баъди сӯхтори моҳи июни соли ҷорӣ дар бозори марказии Фархор, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотиаш дар моҳи июл гуфта буд, ки панҷ сардори Хадамоти оташнишониро аз вазифа сабукдӯш кардаанд, ки яке аз онҳо Сайдаҳмад Саидов буд.

XS
SM
MD
LG