Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи додситонӣ дар бораи марги раиси фурудгоҳи Хоруғ


Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи қазияи марги Дилдорбек Мақсудшоев, директори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ идома дорад, ҳарчанд ба гуфтаи додситонӣ, санҷиши мутахассисон нишон дод, ки ӯ бар асари сактаи дил ҷон додааст.

Додситонӣ рӯзи 25-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Дилдорбек Мақсудшоев, рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми хизматӣ дар мавзеъи Яхчи-Сори ноҳияи Дарвоз бо сабаби гирифтори бемории қалб буданаш ба сактаи дил гирифтор мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ ӯ ҳангоми интиқол ба беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз вафот кардааст.

Аммо шоҳидони айнӣ дар рӯзи ҳодиса гуфтанд Дилдор Мақсудшоев – сардори фурудгоҳи Хоруғи вилояти Бадахшон – ҳангоми боло шудани чархболи президенти Тоҷикистон аз деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз аз вазиши боди чархбол ба санге бархӯрда, сахт маҷрӯҳ шуд ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон дод. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 13-уми сентябр дар деҳаи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз қарор дошт.

XS
SM
MD
LG