Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коммерсант" аз оғози силсилаи истеъфои волиҳо дар Русия хабар дод


Тазоҳуроти зидди волии Самара
Тазоҳуроти зидди волии Самара

Ҳафтаи равон эҳтимол якбора дар чандин минтақаи Русия истеъфои пеш аз вақти волиҳо эълон шавад. Дар ин бораи нашрияи "Комменрсант" рӯзи 25 сентябр бо такя ба манобеи наздик ба маъмурияти президент хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои "Коммерсант", таъғироти кадрӣ эҳтимолан дастикам дар 10 минтақаи Русия сурат бигирад. Манобеи нашрия аз ҷумла номи "Ивановск, Мурманск, Новосибирск, Самара, Вилояти Олтой, Красноярск ва як ё ду минтақаи Қафқози Шимолиро зикр кардаанд. Аммо худи волиҳо ин хабарҳоро рад мекунанд.

Дафъаи гузашта истеъфои саросарии волиҳо дар Русия моҳи феврали соли 2017 сурат гирифт. Он вақт якбора шаш раҳбари минтақавӣ исеъфои худро эълон кард.Чаҳор нафари дигар пеш аз анҷоми мӯҳлати раҳбарӣ, моҳи апрел истеъфо доданд.

Рӯзи 10 сентябри соли 2017 интихоботи ҳамзамони волиҳо дар 16 минтақаи Русия баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG