Горди соҳилии Туркия гуфт, ки дар натиҷаи ғарқ шудани як заврақи моҳигирии ҳомили муҳоҷирон дар соҳилҳои Туркия ба камияш 21 нафар ҷон дода, 5 тани дигар нопадид шудаанд.
Фармондеҳии горди соҳилии Туркия гуфт, ҳадди ақал чиҳил тан аз муҳоҷиронро тавассути заврақҳои ин фармондеҳӣ ва киштиҳои тиҷоратӣ наҷот доданд.
Горди соҳилии Туркия мегӯяд, ин қаиқ рӯзи 22-юми сентябр пеш аз тулӯи офтоб дар 200-килотмерии шарқи Истанбул ғарқ шуд.
Муҳоҷирон ба гунаи афзоянда мекӯшанд, бо убури Баҳри Сиёҳ ва аз тариқи Туркия худро ба Руминия бирасонанд.