Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози алайҳи "Ландромат" дар Боку- пулис фаъолонро ҳушдор дод


Эътирози мухолифин дар Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ
Эътирози мухолифин дар Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ

Пулиси шаҳри Боку дар остонаи тазоҳуроти зиддифасод фаъолонро ҳушдор дод, ки агар аз шартҳои намоиши эътирозӣ берун раванд, пулис онҳоро саркуб хоҳад кард.

"Мо ба пахши ҳеҷ шиоре, ба ҷуз шиорҳое, ки бо мақомоти шаҳр ҳамоҳанг шудаанд, иҷоза намедиҳем," -гуфт раиси пулиси шаҳр, Генерал Саҳлаб Боқиров рӯзи 22 сентябр ба хабаргузории Франс-Пресс. "Мо аз ҳамагуна талошти эҷоди шӯриш ё муқовимат ҷилавгирӣ мекунем. Дар акси ҳол, созмондиҳандагони тазоҳурот ва ташкилкунандаҳои нооромӣ муҷозот мешаванд,"- афзӯд раиси пулис.

Тазоҳуроти фардо бо ибтикори Шӯрои Миллии Нерӯҳои Демократӣ баргузор мешавад, ки баъзе ташкилотҳои мухолифинро зери чатри худ ҷамъ овардааст.

Намоишгарон барнома доранд, ки алайҳи фасодкории мақомоти давлатӣ эътроз кунанд. Ин эътирозҳо ба думболи пахши гузориши таҳқиқотии гурӯҳи рӯзноманигорони хориҷӣ ва фаъолони зиддифасод, таҳти унвони "Ландромати Озарбойҷонӣ" баргузор мешавад. Таҳқиқотгарон исми мақомдоронеро зикр кардааст, ки эҳтимолан дар пулшӯӣ даст доранд.

Гузориш аз амалиёти густардаи пулшӯӣ дар Озарбойҷон маълумот медиҳад ва мегӯяд, ки бо истифода аз ин схема дар ду соли ахир ҳудуди 2,9 миллиард доллар аз кишвар бароварда шуд.

XS
SM
MD
LG