Пайвандҳои дастрасӣ

CIT: капитани нерӯҳои вежаи Русия дар Сурия кушта шуд


Чархболи Русия дар фарозои харобаҳои Палмира

Гурӯҳи Conflict Intelligence Team рӯзи 22 сентябр гуфт, ки капитани Идораи истихбороти Русия Қурбон Қасумов рӯзи 2 август дар Сурия ба ҳалокат расид. Вазорати дифои Русия аз марги ин афсар расман хабар надода буд,- мегӯяд CIT.

Иттилои ҳалокати Қурбон Қасумовро дар сомонаи "Герой России" бо акси қабри ӯ рӯзи гузашта нашр карданд. Дар ин сомона гуфта мешавад, ки афсар Касумов ҷоизаеро барои "Озодии Палмира" дарёфт карда буд.

Русия маъракаи низомиашро дар Сурия соли 2015 оғоз кард. Нерӯҳои ҳавоии Русия ба артиши ҳукумати Сурия кӯмак мекунанд ва мавқеи мухолифини президент Асадро ҳадаф қарор медиҳанд. ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ Асадро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам меаунанд ва аз Маскав мехоҳанд, ки аз пуштибонии Асад даст кашад.

Ба гуфтаи Reuters, танҳо аз аввали соли 2017 беш аз 40 сарбози Русия, ва афроди ширкатҳои хусусии низомӣ дар Сурия кушта шуданд. Вазорати дифои Русия танҳо марги 10 нафари онҳоро расман тасдиқ карда, иштироки сарбозони қарордодӣ дар ҷанги Сурияро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG