Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп фармони афзоиши таҳримҳоро зидди Пхенян имзо кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, зери фармоне имзо гузошт, ки ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат медиҳад, таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро афзоиш диҳад.

Ба иттилои Reuters, дар ин бора худи Трамп рӯзи 21-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ, пеш аз ғизои нисфирӯзӣ бо президенти Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин ва сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои нав ба бахши нассоҷӣ, моҳидорӣ ва технологияҳои иттилоотии Куриёи Шимолӣ дахл доранд. Ба ҷуз ин, фармон ба Вазорати молияи Амрико ҳақ медиҳад, зидди ҳамаи бонкҳое, ки бо Пхенян ҳамкорӣ мекунанд, таҳрим эълом кунад.

Пештар хабар доданд, ки Бонки миллии Чин (БМЧ) ба бонкҳои ин кишвар ироаи хадамоти молиро барои муштариёни навашон аз Куриёи Шимолӣ манъ кардааст. Дастури БМЧ ҳамчунин аз тамоми бонкҳо талаб мекунад, то таҳримҳои СММ-ро зидди Куриёи Шимолӣ пурра иҷро кунанд.

Ташаннуҷ миёни ИМА ва Куриёи Шимолӣ баъди озмоиши шашуми ҳастаии Пхенян дар рӯзи 3 сентябр афзоиш ёфт. Ин озмоиш Шӯрои амнияти СММ-ро водор сохт, ки зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кунад.

XS
SM
MD
LG