Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои зилзилаи Мексика ба 230 нафар расид


Дар паи зилзилаи пурқудрати ахир дар Мексика шумори қурбониён то 230 нафар расид. Аксари қурбониҳо дар пойтахт – шаҳри Мехико ва манотиқи ҷанубу шарқи пойтахт ба қайд гирифта шудаанд. Шиддати зилзила 7,1 дараҷаи ҷадвали Риҳтерро ташкил додааст.

Ин зилзила бисёр баландошёнаҳои пойтахт, макони зисти 20 миллион нафарро ба хок яксон кард. Тахминан 2 миллион нафар аз дастрасӣ ба барқу телефон маҳрум шуданд.

Энрике Пеня Неето, президенти Мексика дар робита бо зилзилаи пурқудрати 19 сентябр чунин гуфт:

“Дар давоми 36 соат ҳукумат ва ҷомеаи мо бо нигаронӣ ва муттаҳидӣ ба ин ҳолати фавқулоддае, ки баъди зилзила дар манотиқи марказиву ҷанубии кишвар пеш омадааст, назорат мекунанд. Ҳифзи ҷони мардум авлавияти кори мо аст ва мо ба тамоми ниёзмандони кӯмаки тиббӣ ёрӣ мерасонем. То ҳол аз зери оворҳои сохтмонҳои шаҳри Мехико беш аз 50 нафар зинда берун оварда шуданд. Хадамоти изтирорӣ барои пайдо ва наҷоти афроди гумномшуда дар Пуебла ва Мехико сафарбар шудаанд”

Дар маҷмӯъ 44 бинои баландошёна пурра ваё қисман хароб шудаанд. Дар миёни қурбониҳо 20 кӯдак ва ду калонсол аз зери овор берун оварда шуданд. 30 кӯдаки дигар нопадид шудааст.

Яке аз пурқудраттарин заминҷумбиҳои Мексика соли 1985 ба қайд гирифта шудааст, ки ҷони 10 ҳазор нафарро гирифта буд.

XS
SM
MD
LG