Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Амрико аз тарҳи бунёди мушаки нав пуштибонӣ кард


Роналд Рейган ва Михайил Горбачев ҳангоми имзои паймони коҳиши мушакҳои миёна ва дурпарвоз. 8 декабри соли 1987

Сенати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 18 сентябр таҳри қонун дар бораи сиёсати мудофиаи миллиро дар ҳаҷми 700 миллиард доллар қабул кард, ки дар он аз Пентагон даъват мешавад бо таблиғоти Русия мубориза барад ва бар сари тавсеаи мушаки болдори нав кор кунад.

Қонун дар бораи Мудофиаи миллӣ, ки бо 89 райъи тарафдор ва 8 мухолиф қабул шуд, ҳамчунин манъи истифодаи нармафзорҳои "Озмоишгоҳи Касперский" аз ҷониби ҳукуматро тақвият дод.

Бар поияи ин қонун Вазорати дифои Амрико муваззаф шудааст, ки 65 миллион долларо барои тавсеаи мушаки болдори мутақар дар замин сарф кунад. Ин қонун посух ба маълумоти нақзи паймони соли 1987 аз ҷониби Русия аст, ки онро Котиби ҳизби коммунисти СССР Михайил Горбачев ва раиси ҷумҳури Амрико Роналд Рейган имзо карда буданд. Русия ҳамчунин ИМА-ро ба паймоншиканӣ ва мустақар кардани сохтори зидди мушакӣ дар Аврупои Шарқӣ муттаҳам мекунад.

Дар остонаи овоздиҳии Сенат, гурӯҳе аз коршиносони назорат бар таслиҳот ва кормандони пешини ҳукумат гуфтанд, ки бунёди мушаки нав паймони соли 1987-ро батамом зери хок мекунад.

Қабули қонун, ки муқовимат бо таблиғоти Русияро дар бар мегирад, баёнгари нигарониҳои Вашингтон аз фаъолиятҳои таблиғотии Русия аст. Дар гузорише, ки истихбороти Амрико моҳи январ пахш карда, гуфта мешавад, ки Русия маъракаи рахнагарии интернет ва таблиғгариро ба роҳ монд, то ба интихоботи президентииИМА таъсир расонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG