Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Ироқ назархоҳии истиқлолияти Курдистонро лағв кард


Курдҳо баргузории реферундуми зудраси истиқлолиятро ҷашн мегиранд

Додгоҳи олии Ироқ рӯзи 18-уми сентябр бо амри худ баргузории назархоҳии истиқлолияти Курдистонро манъ кард. Мақомоти минтақаи мухтори Курдистон 25-уми сентябрро рӯзи баргузории реферундум эълон карданд.

Дар қарори Додгоҳи олӣ аз рӯзи гузашта гуфта мешавад, ки баргузории назарсанҷӣ то ҳалли масъалаи қонунӣ будани он мутаваққиф мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Курдистони Ироқ даъват карданд, ки райъдиҳиро лағв кунанд. Дар Вашингтон ва Ню-Йорк ин нигаронӣ изҳор шуд, ки назархоҳӣ, дар пасманзари муборизаи нерӯҳои Ироқ бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бесуботиро бештар мекунад.

Туркия ва Эрон ба ин раванд қотеъона мухолифат доранд ва мегӯянд, ки раъйпурсӣ ба афзоиши рӯҳияи ҷудоихоҳии ақаллиятҳои курд дар қаламрави ду кишвар мусоидат мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG