Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон "салафиҳо"-ро "насиҳат" мекунанд


Ноиби раиси Шӯрои маънавии мусалмонони Қазоқистон муфтӣ Серикбай Ораз
Ноиби раиси Шӯрои маънавии мусалмонони Қазоқистон муфтӣ Серикбай Ораз

Серикбой-ҳоҷӣ Ораз, ноиби муфтии Қазоқистон, рӯзи 18-уми сентябр дар ҷаласаи порлумонӣ хабар дод, ки дар як соли охир дар ин кишвар ҳудуди 300 пайрави ҷараёнҳои тахрибгар "аз ақидаҳояшон баргаштаанд".

Ба қавли ӯ, ин натиҷаи хуб аст, аммо дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор нафари дигар, ки "худро такфирӣ, тундгаро, медонанд ва пайрави ҷараёни салафия ҳастанд", боқӣ мондаанд.

Нурлан Ермекбоев, вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаи порлумонӣ хабар дод, ки дар робита ба пешгирӣ аз тундгароии динӣ тарзи нави бархӯрд бо ёрии созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда шудааст.

"Ҷамъият дарк кард, ки ин ҳаракат ё ҷараён тахрибкор аст, ҳарчанд барои кишварҳои дигар шояд қобили қабул бошад. Мо бо дарки возеҳи масъала, ин ҳаракатро мамнуъ эълон накардем, ҳарчанд дар ҷомеа чунин чораҳо баррасӣ мешуд, вале сабабҳои дигар мавҷуд аст - бештар болои корҳои фаҳмондадиҳӣ такя бояд кард, ин натиҷаи хуб медиҳад", - гуфт Ермекбоев.

XS
SM
MD
LG