Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чехӣ аз бунёди нерӯгоҳ дар Қирғизистон маҳрум шуд


Сафар Исҳоқов
Сафар Исҳоқов

Ҳукумати Қирғизистон шартнома бо ширкати Liglass Traiding-ро якҷониба қатъ мекунанд. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов рӯзи душанбе дар ҷаласаи девони вазирон хабар дод. Ӯ гуфт, ширкати чехӣ шартҳои созишномаро иҷро накард. Сарвазир ба вазоратҳои дахлдор дастур дод, ки шартномаро якҷониба қатъ кунанд. Исҳоқов гуфт, Қирғизистон фурсатро аз даст дод ва тендери нав эълон хоҳад кард.

Ба гуфтаи вазири адлияи ин кишвар Уран Ахмедов, гаравпулии ширкати чехӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 147 ҳазор доллар дар ихтиёри Қирғизистон боқӣ хоҳад монд.

Рӯзи 28 июл Кумитаи саноат, энержӣ ва захираҳои табиӣ хабар дод, ки ширкати чехӣ гаравро дар ҳаҷми 1 миллиону 147 ҳазор доллар пардохт кардааст.

Раиси ширкати Liglass Михаэл Смелик ва намояндаи ҳамин ширкат Йиржи Войтеховски 18 сентябр дар шаҳри Бишкек бо баргузории як нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки нерӯҳои сиёсии Қирғизистон ба фаъолияти онҳо таъсир расонидаанд. Намояндаҳои ширкат афзуданд, ки онҳо ба далели "ҳамлаҳо"-и матбуотӣ ба мушкили молӣ дучор шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки як ширкати дигари чехӣ ва чанд сармоягузор аз Ҳинду Куриёи Ҷанубӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар Қирғизистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Liglass Trading CZ дар тендери сохтмони 10 нерӯгоҳи хурд ва инчунин бунёди силсиланерӯгоҳҳои Норини Болоӣ ғолиб омад. Баъди ин дар расонаҳои чехиву қирғизӣ дар робита ба машкук будани тавоноиҳои ширкати мазкур чандин матлаб нашр шуд.

XS
SM
MD
LG