Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯзбекнефтегаз" аз Русияву Қазоқистон то 1 млн тон нафт ворид мекунад


Корхонаи коркарди нафт дар Фарғона
Корхонаи коркарди нафт дар Фарғона

Ширкати "Ӯзбекнефтегаз" тасмим дорад, барои корхонаҳои коркарди нафташ сар аз соли 2018 аз Русияву Қазоқистон то як миллион тон нафт ворид кунад. Дар ин бора раиси ширкат Алишер Султонов ба расонаҳо хабар дод.

"Мо тасмим дорем моҳи ҷорӣ ба таври санҷишӣ 30 ҳазор тон ва то охири сол то 200 ҳазор нафт ворид кунем. Ва сар аз соли нав ин ҳаҷмро то як млн тон хоҳем расонид. Созишномаи байниҳукуматӣ бо ҷониби Русия омода мешавад. Ҳоло бо Қазоқистон чунин созишнома ҳаст", - гуфт вай.

Султонов гуфт, ки "Ӯзбекнефтегаз" нафти хомро дар ҳаҷми то як миллион тон дар солҳои 2018-2020 ворид мекунад ва сар аз соли 2021, баъди бунёди маҷмааи коркарди нафти вилояти Ҷиззах, ҳаҷми воридотро то 5 миллион тон мерасонад.

Пештар аз ин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хабар дод, ки кишвараш омода аст, ба Узбакистон то як миллион тон нафт фиристад.

XS
SM
MD
LG