Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ оилаҳои ҷангиёни ДИИШ-ро ба Талкайф интиқол дод


Мақомоти Ироқ 1400 шаҳрванди хориҷиро, ки аксаран занону кӯдакони ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд, аз шаҳри Мосул ба шаҳри Талкайф интиқол додаанд. Дар миёни онҳо 31 хонавода аз Тоҷикистон низ ҳаст.

Шаҳри Талкайф дар вилояти Найнавои Ироқ ҳудуди даҳ километр дур аз Мосул ҷойгир аст ва моҳи январи имсол аз дасти ДИИШ озод шуда буд.

Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон рӯзи 18-уми сентябр бо ирсоли як баёнияи матбуотӣ ба Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод. Ин созмон аз ҳукумати Ироқ хостааст, макони нигаҳдории ин шаҳрвандонро барои созмонҳои байналмилалӣ дақиқ кунад ва сабаби интиқоли онҳоро низ шарҳ диҳад. Инчунин ин созмон аз мақомоти ироқӣ хостааст, то ба созмонҳои мадарасон иҷозаи кӯмак ба ин афродро диҳад.

"Ин занон ва кӯдакон хеле осибпазиранд. Новобаста ба он ки аъзоёни оилаи онҳо ба ҷиноят муттаҳам мешаванд, худи онҳо ҳақи ҳимоя ва кӯмак доранд", - мегӯяд Ҷулия Девидсон, муовини раиси Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон.

Зимнан, ин созмон аз ҳукуматҳои Туркия, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон хостааст, ки барои сарнавишти ояндаи ин шаҳрвандон зудтар амал кунанд.

Паноҳгоҳ барои ҳамсарон ва кӯдакони ҷангиёни ДИИШ, ки пас аз озодсозии минтақаҳои таҳти назорати ин гурӯҳи тундрав рӯзи 30-уми август дар канори Мосул сохта шудааст, аксаран хориҷиён нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳукумати Ироқ гуфтааст, ки мехоҳад аз роҳи сафоратхонаҳои кишварҳо паноҳандагонро дубора ба ватанашон фиристад, чунки тавони дурудароз нигаҳ доштани онҳоро надорад. Бовар меравад, ки падар ва ҳамсарони онҳо нопадид ё кушта шудаанд ва онҳое, ки зинда дастгир шудаанд, дар боздошт ба сар мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG