Дар Маскав дар синни 80-солагӣ овозхони маъруфи опера Зураб Соткилава даргузашт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба раиси кулли “Большой театр” Владимир Урин хабар дод. Вай гуфт, ки Соткилава дучори як бемории сангин буд ва то охир бо он мубориза мебурд. Соткилава 12 марти соли 1937 дар шаҳри Сухумӣ таваллуд шудааст. Дар хурдӣ ӯ бозигари касбии футбол буд, вале баъдан ба кори ҳунармандӣ гузашт. Дар “Большой театр” карераи ҳунарии Соткилава соли 1973 шурӯъ шуд.