Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази гармдиҳии Душанбе-2 барои истифодаи ангишт қарздор шуд


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳарчанд то фарорасии фасли зимистон моҳҳои башумур мондааст, аммо корхонаҳои кишвар ба далели қарздорӣ наметавонанд маблағи ангиштро пардохт кунанд. Сайфиддин Аслиддинзода, муовини мудири корхонаи "Ангишт" 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба унвони мисол танҳо Маркази гармдиҳиву барқии Душанбе-2 барои ангишти воридшуда 90 миллион сомонӣ қарздор аст. Вай афзуд, "ҳарчанд ба ин марказ то ҳол ангишт ворид карда мешавад, аммо на худи марказ ва на "Барқи тоҷик" наметавонанд маблағи ангишти воридшударо пардохт кунанд. Ин мушкили хеле ҷиддӣ аст, зеро мо наметавонем ба коргарони худ маошро пардохт кунем".

Сайфиддин Аслиддинзода афзуд, ки бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ин марказ бояд 1 миллиону 80 ҳазор тонна ангишт захира карда шавад, зеро дар таъмини сокинони кишвар бо нерӯи барқ аҳамияти кори ин маркази гармдиҳӣ ва барқӣ хеле бузург мебошад. Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон куллияи корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ширкати "Талко", корхонаҳои тавлиди семент ва ғайра, ки дар маҷмӯъ 230 адад мебошанд, дар кори худ аз ангишт истифода мекунанд. Ба итилои ҷаноби Аслиддинзода, дар соли ҷорӣ аз воридоти ангишти истихроҷшудаи хориҷӣ ҷилавгирӣ карда мешавад, вале бо ин вуҷуд ҳудуди ду ҳазор тонна ангиштсанг аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG