Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Москва роҷеъ ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия ба Пентагон посух гуфт


Вазорати дифои Русия мегӯяд, ИМА-ро аз амалиёти шаҳри Дейр-уз-Зури Сурия пештар огаҳ карда буд. Маскав гуфт, ҳавопаймоҳои Русия "Нирӯҳои демократии Сурия" (НДС)-ро ҳадаф қарор доданд.

Бино ба иттилои Би-би-сӣ, намояндаи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфтааст, ки низомиёни ин кишвар ба минтақаҳои зери идораи ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) зарбаҳои дақиқ мезананд.

Тавре сомонаи расмии Пентагон иттилоъ дод, амалиёти мазкур 16 сентябр дар Дерй-уз-Зур, дар шарқи дарёи Фурот анҷом шудааст. Ба огаҳии гуруҳи НДС, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии низомиёни рус 6 узви гуруҳ захмӣ шудаанд.

Дар минтақае, ки ҳавопаймоҳои Русия зарба заданд, низомиёни нирӯҳои байналмилалии эътилофӣ ҳам ҳузур доштанд. Вале касе аз онҳо осеб надидааст.

Шаҳри Дейр-уз-Зор яке аз охирин паноҳгоҳҳои ҷангиёни ДИ дар Сурия шумурда мешавад. Он тайи ду соли ахир дар муҳосира аст. Ба мавзеъҳои тундравон дар ин шаҳр нирӯҳои ҳукумати Сурия бо дастгирии ҳавопаймоҳои Русия ва гуруҳҳои мухолифон бо мусоидати нирӯҳои байналмилалии эътилофӣ ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG