Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2018 - Соли Узбакистон дар Қазоқистон эълон шуд


Дар поёни сафари давлатии президети Қазоқистон ба Тошканд раҳбарон эълон карданд, ки соли 2018 – соли Узбакистон дар Қазоқистон ва соли Қазоқистон дар Узбакистон таҷлил мешавад. Ин изҳорот дар паи дидору гуфтугӯҳои баландпояи президентон Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд садо дод.

Назарбоев, аз ҷумла гуфт: "Омили асосии муносибатҳои дӯстонаи мо ин робитаҳои башардӯстонаву фарҳангии мост. Мо ба созиш расидем, ки соли 2018-ро дар Қазоқистон Соли Узбакистон эълон кунем. Масъалаи дар Узбакистон баргузор шудани Соли Қазоқистон низ баррасӣ шуд. Дар доираи Соли Узбакистон чандин чорабинӣ, ки муносибатҳои бародаронаи моро боз ҳам тақвият медиҳанд, баргузор хоҳад шуд".

Ин нахустин сафари кории президент Назарбоев ба Тошканд баъди сари президент Каримов дар соли гузашта мебошад. Дар ҷараёни ин сафар миёни Қазоқистону Узбакистон чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, созишномаи ҳамкориҳои стратегии миёни ширкатҳои миллии роҳи оҳан, созишномаи ҳамкории хадамоти гумрук ва вазоратҳои молия, ҳамкорӣ дар сатҳи низомиву фаннӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаву саноати нафтӣ ба имзо расид.

Ба таври ҷудогона раҳбарони кишварҳо харитаҳои роҳро дар заминаи ҳамкорҳо дар умури об ва навсозии роҳҳои автомобилгарди воқеъ дарсаҳади ду кишвар ба имзо расониданд.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёв гуфт, ки дар равобити ду кишвар «як пешрафти ҷиддӣ» мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG