Пайвандҳои дастрасӣ

Аз лӯлаи газ то роҳи оҳан – Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари корӣ дар Ишқобод қарор дорад, рӯзи 17-уми сентябр бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Ин дидор дар рӯзи ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар Туркманистон сурат гирифт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Бозиҳои панҷуми осиёиро “рӯйдоди муҳими варзишӣ” номида ва гуфтааст, чунин маъракаи варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот масъалаи сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон – Узбакистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ва тарҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 17-уми сентябр ба Туркманистон рафт ва ӯро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ, раҳбарони кумитаҳои сармоягузорӣ ва ҷавонону варзиш ҳамроҳӣ доранд.

Қаблан гуфта шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми осиёӣ дар Туркманистон иштирок мекунад. Ин маросим бегоҳи 17-уми сентябр сурат хоҳад гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG