Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Курдистон барномаи раъйпурсиро тасдиқ кард


Порлумони минтақаи худмухтори Курдистон дар Ироқ рӯзи 15-уми сентябр нақшаи баргузории раъйпурсӣ дар мавриди истиқлоли ин минтақаро тасдиқ кард. Бағдоду кишварҳои ҳамсоя ба ин раъйпурсӣ мухолифат нишон доданд.

Кишварҳои ғарбӣ ибрози нигаронӣ доранд, ки ин раъйпурсӣ, мумкин аст, сабаби эҷоди танишҳои нав дар минтақа шавад.

Ҷаъфар Эминки, муовини раиси минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ, ки раёсати ҷаласаи рӯзи гузаштаро бар ӯҳда дошт, гуфт, бисёре аз аъзои порлумон ба ҳимоят аз ин раъйпурсӣ овоз додаанд.

Барномаи раъйпурсӣ дар минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ хашми Туркия ва Эронро ҳам барангехтааст. Онҳо тарс доранд, ки бо ин раъйпурсӣ ақаллиятҳои курд дар ин кишварҳо низ барои чунин иқдоми мушобеҳ ё ба ин монанд таҳрик хоҳанд шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва қудратҳои дигари ғарбӣ низ бо ин иқдом мухолифат карда, нигаронӣ доранд, ки ин кор мумкин аст ҳукумати Бағдодро заифтар бикунад.

Порлумони Ироқ ҳафтаи гузашта бар зидди ин раъйпурсӣ овоз дода буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG