Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB хост, ки Зулфиқор Сапановро аз маҳбас озод кунанд


Зулфиқор Сапанов
Зулфиқор Сапанов

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Порис, аз ҳукми зиндони журналисти қирғиз Зулфиқор Сапанов интиқод кард ва аз мақомоти Бишкек хост, ки ӯро озод намоянд. Ин баёнияи Хабарнигорони бидуни марз рӯзи 14-уми сентябр нашр шудааст.

"Мо ҳукми Зулфиқор Сапановро маҳкум мекунем ва аз додрас талаб дорем, ки ҳарчӣ зудтар ӯро раҳо намояд", - гуфт Иоҳан Бир, масъули бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон.

Зулфиқор Сапанов рӯзи 12-уми сентябри имсол бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ" ба чаҳор соли зиндон маҳкум ва дар толори мурофиа ба ҳабс гирифта шуд.

Сапанов соли 2016 китоберо бо номи "Кидир санжираси" чоп кард, ки вокунишҳоеро ба бор овард. Намояндагони як қатор созмонҳои динӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат карда, хостанд, ки зидди рӯзноманигор чора андешида шавад.

Вале худи муаллиф мегӯяд, дар китоби ӯ ҳеч гуна даъват зидди диндорон сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор, китоби ӯро ҳатто коршиносони мустақил ташхис накардаанд.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз дар гузориши тобистони имсол ба вазъи озодии баёну андеша дар Қирғизистон баҳои нисбатан манфӣ дод. Соли гузашта ин кишвар дар раддабандии озодии баён аз миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 85-ум буд. Имсол дар мақоми 89-ум ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG