Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин пешниҳоди Амрикоро напазируфтанд


Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид
Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид

Мақомҳои Русия ва Чин дархости Иёлоти Муттаҳидаро рад карданд. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта аз Чину Русия хоста буд, ки барои ҷилавгирӣ аз озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии Куриёи Шимолӣ иқдоми мустақими бештарро анҷом диҳанд.

Аммо Чину Русия гуфтаанд, ки Вашингтон ин таҳдидро аз роҳи гуфтугӯ бартараф кунад.

Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 15-уми сентябр гуфт, кишвараш таҳримҳоеро, ки ахиран аз тарафи Шӯрои амният алайҳи Пхенян ҷорӣ шуд, мавриди иҷро қарор хоҳад дод. Аммо Небензя гуфт, дар қатъномаи таҳримҳои СММ алайҳи Куриёи Шимолӣ дархости гуфтугӯ низ матраҳ шуда ва Вашингтон бояд ин дархостро эҳтиром гузорад.

Сафири Чин дар Амрико низ ба ин монанд паём додааст. Ӯ рӯзи гузашта дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд корҳои бештарро анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG